Дастаи бонувони волейболбози Кумитаи телевизион ва радио бар дастаи бонувони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омаданд

20 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и №5-и пойтахт байни дастаи бонувони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи бонувони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир гардид.

Дар ин мусобиқа бонувони дастаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати хуб нишон дода, дар ду қисм бо ҳисобҳои 25-11 ва 25-17 ғолиб омаданд. Ҳайати дастаи Кумитаро кормандони зерсохторҳои он ташкил медиҳанд, ки бонувони маҳорати хуби варзишидошта мебошанд.

Дар мусобиқаи мазкур 40 даста давоми як моҳ байни ҳам рақобат мекунанд. Аз ин шумора 32 дастаи ғайрикасбӣ аз ҳисоби бонувони вазорату кумита ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт ва 8 дастаи касбӣ аз ҳисоби бонувони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъ ва шаҳри Душанбе мебошанд

Сол то сол шумораи иштирокдорону хоҳишмандони мусобиқаи волейбол меафзояд ва бо мақсади ташвиқу тарғиб, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи Модар ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат доир карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи волейбол баёни бонувон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе соли панҷум аст, ки гузаронида мешавад. Бори аввал соли 2017 миёни 17 даста рақобат сурат гирифта буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE