Истиқлол охирин дидорашро дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо ғалаба анҷом дод
Бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаи “Ал-Шарҷа”-и Аморати Муттаҳидаи Араб андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳди шаҳри Риёз доир шуда, бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт.
Голҳоро дар ҳайати тими “Истиқлол” Эрик Бокум дар дақиқаи 14-ум ва Владислав Касминин дар дақиқаи 90+1 марбути номи хеш карданд.
Ба даври 1/8 ниҳои аз гурӯҳи “А” “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Раён” бо касби 13 имтиёзи роҳхат гирифтанд.
Бошгоҳи “Истиқлол” дар гурӯҳ бо касби 3 имтиёз дар зинаи охирин маскан гирифта аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022
Гурӯҳи «А». Даври 6-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шарҷа» (АМА) – 2:0
Голҳо: Эрик Бокум, 14 (1:0). Владислав Касминин, 90+1 (2:0).
Бозингари беҳтарин: Рустам Ятимов (“Истиқлол”).
Сардовар: Мохд Амирул Изван (Малайзия).
27 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалӣ ба номи Шоҳ Фаҳд.