Дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва фаъолияти баъзе бозорҳои марказӣ қатъ карда мешавад

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз 8 то 12 октябр фаъолияти бозорҳои «Корвон», «Кӯшониён», «Меҳргон», инчунин марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Садбарг» (ба истиснои нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрокворӣ) муваққатан қатъ мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат иттилоъ доданд, инчунин аз 7 то 12 октябр баргузории намозҳои ҷамоатӣ дар масҷидҳои «Мавлоно Яъқуби Чархӣ», «Сари Осиё», «Абӯ Ҳанифа», «Ҳоҷӣ Исматулло» ва аз 8 то 12 октябр масҷиди ба номи «Имом-ал-Бухорӣ» муваққатан мавқуф гузошта мешавад.

Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намуда, бе зарурати ҷиддӣ аз сафар ва воридшавӣ ба шаҳри Душанбе худдорӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE