Душанбе: Галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалӣ “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид

Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид.

Дар маросими пӯшидашавӣ ва Галаконсерти Фестивали мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои шаҳрӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ ва кӯдакону наврасон ширкат намуданд.

Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда, иброз дошт, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона миёни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, арҷгузорӣ ба тамаддуни ҳамдигарӣ, дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор карда шуд.

Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Шукуфаҳои пойтахт» тӯли чанд рӯз тавонист, ки ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою узбекҳо ва қирғизҳо бо шумули наврасони эҷодкор аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, ки дар маҷмуъ зиёда аз 350 нафарро ташкил медоданд, сарҷамъ намуда, ба ҷашнвораи ҳақиқии ҳунару истеъдоди насли фардосози кишвар мубаддал гардад. Дар ин муддат иштирокчиёни фестивал дар саҳнаҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ намуда, инчунин дар ҷараёни кори Форуми II байналмилалии «Душанбе- шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ширкат намуданд.

Дар идома иштирокчиёни он бо Ҷоми лауреати Фестивал ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE