Фархор: Президенти мамлакат бинои Беморхонаи минтақавии «Ориён» ва шуъбаи таваллуд дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллудро мавриди истифода қарор доданд.
Бо бунёди иншооти мазкур аҳолии деҳоти Фархор соҳиби муассисаи замонавии тиббӣ гардиданд, ки дар он ташхису табобати бемориҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.
Беморхона дорои 20 кат буда, аз шуъбаҳои бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва таваллудхона иборат мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз озмоишгоҳи замонавӣ ташхиси беморон дар ҳамин ҷо роҳандозӣ шуда, ҳамчунин муолиҷаи маризон бо ҷалби табибони соҳибмалака амалӣ карда мешавад.
Дар иншооти нав 16 ҳуҷраи табобатӣ ва кабинети корӣ ҷой дода шуда, ҳамчунин ҳуҷраҳои табобатӣ бо дастгоҳҳои насли нав таъмин гардидаанд. Аз ҷумла, беморхона дорои шуъбаи ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор ва оксигенераторҳо буда, омода аст ба нафарони бемор сари вақт ва бо сифати баланд хизмат расонад.
Дар шуъбаи таваллуди беморхона шароити мусоиду замонавӣ барои нигоҳдории модару кӯдак фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар ин ҷо 10 кати хоб бо имконияти зарурӣ ташкил гардида, барои солим ба дунё омадани тифл мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар ҳолатҳои ғайричашмдошт низ шуъбаи мазкур бо истифода аз дастгоҳҳои нав метавонад сари вақт ба модар ва ё кӯдак кумаки тиббӣ расонида, ба ҳамин васила аз фавти кӯдаку модар пешгирӣ намоянд.
Ҳамчунин ҳуҷраҳои алоҳидаи машваратӣ барои модарони ҷавон ва ташхиси кӯдакон дар ин шуъба ташкил карда шудааст.
Дар маҷмуъ дар Беморхонаи минтақавии “Ориён” ва шуъбаи таваллуд бештар аз 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки дорои маълумоти тахассусианд, соҳиби ҷои кор гардида, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Саҳни иншоот низ мувофиқ ба талабот бунёд гардида, барои сайру гашти табобатгирандагон ва ташрифи аёдаткунандагон имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Беморхонаи нав бо дарназардошти талаботи муосири тиббӣ бунёд гардида, имконият медиҳад сокинони деҳоти Фархор дар ҳамин ҷо ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд ва ин иқдом мушкилоти иҷтимоии аҳолии минтақаи мазкурро дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ пурра ҳал намуд.