Ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Русия ба раёсатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ин бора Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ баён дошт ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро бо ин муносибат табрик гуфт.

