Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд
11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.
“Мо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Малайзияи ба мо дӯстро аз иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим қадр мекунем.
Малайзияро яке аз шарикони муҳим ва дӯсти боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем” изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳор доштанд.
Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ, сармояву инноватсионӣ, маориф, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳимми тақвиятбахши муносибатҳои ду кишвар номида шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.