Супоридани нусхаи эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
25 ноябри соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов тақдим кард.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуданд. Инчунин, ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

