Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад

Масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамчунин фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад. Чунин дастур доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли равон.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» шунида шуд.

Иброз гардид, ки баробари амалӣ намудани Барнома натиҷаҳои зерин , аз ҷумла 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ пешбинӣ шудааст.

«Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ», ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE