Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар марз хабар дод

Шаби 26 ноябри соли 2025 аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ «Шоҳин СМ», воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии «Истиқлол»- отряди сарҳадии «Ёл»-и вилояти Хатлон ҳамлаи мусаллаҳона ба амал омад. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо норинҷак амалӣ гардида, дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ”  — шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.
Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон барои ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобили судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.
Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гурӯҳҳои ҳаросафканро қотеъона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хати сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя даъват ба амал меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE