Омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод

Дар ноҳияи Файзобод омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд идома доранд. Аз 252 банди нақшаи чорабиниҳо, ки барои соли 2025 пешбинӣ шудаанд, дар 196 банд корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, маблағи умумии онҳо 166 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои масъулин, айни ҳол дар 51 банди боқимонда корҳои сохтмонӣ бо суръати баланд идома доранд. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторов иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нақшаи иловагии чорабиниҳо таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ дар доираи онҳо оғоз шудаанд. Ба иттилои Шодӣ Саидзода — муовини раиси ноҳияи Файзобод, дар иншооти ҷашнӣ 251 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Аз шумораи умумии иншооти ҷашние, ки то соли 2025 дар ноҳияи Файзобод ба истифода дода шудаанд, 70 фоиз аз ҳисоби бахши соҳибкорӣ ва 30 фоиз аз ҳисоби буҷети маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва сармояи хориҷӣ бунёд гардидаанд.

Ба иттилои масъулин, дар иншооти ҷашнии ноҳияи Файзобод ба соҳаи маориф афзалият дода шудааст. Дар соли 2025 се бинои муассисаи таълимӣ ва 42 синфхона бунёд гардида, интизор меравад, ки дар соли 2026 то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз ду муассисаи таълимӣ ва 45 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шаванд.

Тоҷиддин Сатторов

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE