«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад

Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳи октябр дар Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мешавад.

Ин намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Дар намоиш молҳои истеҳсоли ширкатҳои ҷумҳурӣ, ки ба содироти молу маҳсулот ба якчанд давлати ҷаҳон машғуланд, муаррифӣ карда мешавад.

Ҳадаф аз баргузории намоиш мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ ва пешрафти саноатикунонии ҷумҳурӣ мебошад.

Баргузории чунин намоишҳо на танҳо имконоти тиҷоратиро васеъ менамояд, балки дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии мамлакат нақши калидӣ дорад. Намоиш ҳамзамон сатҳи рақобатпазирии ширкатҳои ҷумҳуриро дар бозорҳои ҷаҳонӣ баланд бардошта, имконият медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун минтақаи ҷалби сармоя ва истеҳсолоти босифат муаррифӣ гардад.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» барои рушди бахши хусусӣ, пешбурди содироти мол ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти калон дошта, саҳми муҳими стратегии давлат дар саноатикунонии мамлакат арзёбӣ мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE