Раҳматулло Набил: Толибон барои минтақа хатар эҷод мекунанд

Раҳматулло Набил, собиқ раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки хатари терроризм аз Афғонистон метавонад минтақаро ба хатар дучор намояд. Дар ин бора зимни суханронӣ дар Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе таҳти унвони “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” ибрози ақида намуда. «Мо бояд дар ин беш аз як солу чор моҳ ба ин натиҷа расида бошем, ки хатаре аз Афғонистон бархостааст, метавонад тамоми минтақаро фаро гирад»- гуфт Набил.

Ба таъкиди Раҳматулло Набил Толибон ҳамкории худро бо созмонҳои террористӣ қатъ накарданд ва ин кор шуданӣ ҳам нест.Набил бо интиқод аз дахолати манфиатҷӯёнаи кишварҳо минтақа ва қудратҳои ҷаҳонӣ илова кард, ки хуруҷи Амрико аз ин кишвар ғайримасъулона буд.Ба ақидаи ӯ Толибон тағйирдиҳандаи бозӣ ба шумор намераванд, зеро моҳияти онҳо куллан дигар нашудааст. Дар тӯли чор даҳсола амалҳои ҳамсон такрор меёбанд. Аз ин рӯ, замина бояд фаро сохта шавад, ки мардуми Афғонистон бевосита сарнавишти худро таъин намоянд.

“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе таҳти унвони “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” ду рӯз идома хоҳад дошт. Фардо 30 ноябр, дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсӣ Конфронс рӯзи дуюм идома меёбад.

Институти мутолаоти стратегии Афғонистон дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро доранд. Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст. Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани Толибон баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE