Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуда, доир ба мақому манзалати зан дар ҷомеа суханронӣ карданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба қадру манзалат ва эҳтироми зан — модар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Таҷлили Рӯзи Модар дар сатҳи давлатӣ нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Ҳукумати кишвар нисбат ба занону модарон буда, гувоҳи равшани он аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ занон дар ҷомеа ба мақому манзалати шоиста соҳиб гардидаанд.
Қайд карда шуд, ки занону бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши арзишманд доранд. Аз ин рӯ, давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, барои фаъолият ва ташаббусҳои созандаи онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.
Зикр гардид, ки маҳз бо дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар занони тоҷик имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҷомеа фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди давлат саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ободиву суботи ҷомеа аз оромиву осоиши ҳар як оила сарчашма гирифта, дар ин раванд нақши зан — модар ҳамчун тарбиятгари насли солиму ватандӯст хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ пешкаши занону бонувони кишвар гардонида шуд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

