Миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вохӯрӣ бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулли Салават Сагитов баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд.

Дар оғоз муовини ректор оид ба таълим Зулфия Мирзода дар бораи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти маориф ва илм сухан гуфта, аз созишномаҳои гуногунҷабҳаи Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия изҳори хушнудӣ кард.

Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти рус дар ҳама зинаи таҳсилот ва мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон ибрози назар карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар мулоқот миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар охир ҳамчун рамзи меҳмоннавозии тоҷикона ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE