Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
20 апрел дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ва тадорукотии иҷлосияи 35-уми Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳадафи баргузории брифинг таъмини омодагии саривақтӣ ба конфронс мебошад. Иштирокдорон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе нахустин маротиба Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он намояндагони 54 давлати аъзои ин созмон иштирок намоянд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
