Дар Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Норак даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар маросими кушодашавии озмун Насиба Фароғатзода — муовини раиси шаҳри мазкур, маорифчиён ва дигар донишмандону меҳмонон иштирок ва суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бори нахуст ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои Мурод Исмоилов — мушовири Шуъбаи маорифи шаҳри Норак оид ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, дар даври аввали ин озмун, ки аз 10 то 19 март дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид, 8953 нафар хонанда ва 312 омӯзгор ширкат намуданд. Аз ин шумора 600 нафар хонанда ва 101 нафар омӯзгор ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Ба маълумоти Райҳонбегим Ҷалолова — директори МТМУ №28-и шаҳри Норак, дар муассисаи мазкур 975 нафар хонанда таҳсил менамояд. Дар пайи корҳои таблиғотӣ дар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» 408 нафар довталаб иштирок намуда, 100 нафари онҳо ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Бояд хотирнишон сохт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Норак аз 20 то 25 апрел идома ёфта, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳ меёбанд.
Т. Сатторов
