Дар Дастгоҳи марказии ВҲИ 314 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар Дастгоҳи марказии ВҲИ 314 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода баён дошт.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра дар намояндагиҳои ВҲИ 417 (с.2025 – 512) адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ – 61 (с.2025 – 63) адад ва муроҷиатҳои шифоҳӣ – 356 (с.2025 – 449) ададро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 731 (с.2025 – 723) муроҷиат ва аз ин шумора 150 (с.2025 – 160) муроҷиати хаттӣ, 580 (с.2025 – 555) муроҷиати шифоҳӣ, 1 (с.2025 – 6) муроҷиати электронӣ ва 0 муроҷиати телефонӣ (с.2025 – 2) ба қайд гирифта шудааст.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

