Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафири Подшоҳии Нидерланд мулоқот кард
1 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Подшоҳии Нидерланд Нико Схермерсро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ва дурнамои густариши онҳо баррасӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар самти амният дар минтақа, вазъ дар Афғонистон, инчунин таҳдиду чолишҳои замони муосир аз қабили тағйирёбии иқлим ва пайомади онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин росто, баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.