7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Истиқлоли пойтахт дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи иштирокдорони паради ҳарбиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфтанд.

Ташкил ва дар сатҳи баланди омодагии низомӣ доир намудани Паради ҳарбӣ ба шарафи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳам собит месозад, ки хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳар як фарди худогоҳу хештаншиноси ҷомеа барои ҳимоя аз Ватан, ҳифзи суботу оромии кишвар, дастовардҳои Истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар ин сарзамини биҳиштманзар доимо омода мебошанд. Онҳо, савганди садоқату вафодории хешро ҳамеша ба халқу Ватан ва Пешвои миллат пос медоранд.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Истиқлол #Независимость #Independence

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE