1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад. Танҳо 1 ноябр дар шаҳри Конибодом 17 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин, 5 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар ин иншооти шаҳри Конибодом 360 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Суғд #Согд #Sughd

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE