5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

5 октябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шаҳри Кӯлоб лоиҳаҳои бунёду барқарорсозии роҳ ва пулҳои мошингарди дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ муаррифӣ гардиданд, ки татбиқи онҳо ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки корҳои созандагию ободонӣ ба хотири рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳо ба роҳ монда шавад.
Ҳадафи асосӣ аз амалӣ намудани лоиҳаи бунёду навсозии роҳҳои мошингард таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики #Хатлон #Khatlon

President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE