ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ МАҲФИЛИ «САНЪАТ ВА ҲУНАР» БАХШИДА БА ШАШМАҚОМ БАРГУЗОР ГАРДИД…
ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ МАҲФИЛИ «САНЪАТ ВА ҲУНАР» БАХШИДА БА ШАШМАҚОМ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангии «Санъат ва ҳунар» дар мавзуи «Шашмақом ва масъалаҳои омӯзиши он» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил номзади илмҳои санъатшиносӣ, дотсенти кафедраи сурудхонии халқии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муродҷон Эшонқулов, хонандагон ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.
Зимни маҳфил Муродҷон Эшонқулов оид ба таърихи ташаккул ва рушди Шашмақом, хусусиятҳои хоси ин жанри мусиқии классикӣ ва масъалаҳои омӯзишу ҳифзи он маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки Шашмақом яке аз бузургтарин дастовардҳои фарҳанги мусиқии тоҷик буда, ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ дар ташаккул ва рушди санъати миллии мусиқӣ мақоми хосса дорад.
Ҳамзамон, атрофи аҳамияти омӯзиши Шашмақом, нақши он дар тарбияи завқи зебоипарастии насли ҷавон ва зарурати ҳифзу интиқоли ин мероси мусиқӣ ба наслҳои оянда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маҳфил бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, муаррифии мероси фарҳангии ниёгон ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеа баргузор гардид.

