Соҳибкории занон — имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор…
Соҳибкории занон — имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор
Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» мизи мудаввар таҳти унвони «Соҳибкории занон: имкониятҳо, навоварӣ ва рушди устувор» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои молиявӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорзанон иштирок намуданд.
Ҳамоишро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳаммияти дастгирии соҳибкории занон, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва тақвияти саҳми занон дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ибрози назар кард.
Зимни суханрониҳои ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷӣ доир намуданд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

