Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон…

Имрӯз дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ваҳдати миллӣ, ҳамдиливу ҳамгироии миллатҳо ва муколамаи фарҳангҳо дар осори Аҳмади Дониш» баргузор гардид.

Дар конференсия масъалаҳои марбут ба арзишҳои ваҳдати миллӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни миллатҳо, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва нақши осори Аҳмади Дониш дар ташаккули афкори иҷтимоиву маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки осори Аҳмади Дониш ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими афкори фалсафӣ, адабӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик дар омӯзиши таърихи андешаҳои миллӣ ва шинохти арзишҳои умумибашарӣ аҳаммияти хос дорад. Андешаҳои ӯ дар бораи донишомӯзӣ, маърифат, ислоҳи ҷомеа ва зарурати муносибати оқилона ба масъалаҳои иҷтимоӣ барои таҳқиқоти илмии муосир низ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE