Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Эрон баргузор гардид…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои синамои Эрон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» роҳандозӣ шуда, аз 15 то 20-уми октябр идома меёбад.
Рӯзҳои синамои Эрон бо ҳадафи муаррифии дастовардҳои синамои муосири Эрон, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ҳунарӣ миёни синамогарони Тоҷикистону Эрон баргузор мегарданд. Дар доираи ин чорабинӣ тамошобинон имкон доранд, ки бо филмҳои тозаи синамои Эрон, мавзӯъҳои иҷтимоиву фарҳангии онҳо ва вижагиҳои эҷодии коргардонҳои ин кишвар шинос шаванд.
Тибқи барнома, намоиши филмҳои эронӣ дар кинотеатри «Наврӯз» сурат мегирад. Аз ҷумла, филми «Қиморбоз» бо коргардонии Мӯҳсин Баҳорӣ ва филми «Дар оғӯши дарахт» бо коргардонии Бобаки Хоҷапошо ба намоиш гузошта мешаванд.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

