ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ БОСТОНИИ МЕҲРГОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД…

ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ РУСИЯВУ ТОҶИКИСТОН ҶАШНИ БОСТОНИИ МЕҲРГОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни бостонии Меҳргон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ иштирокдорон оид ба таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик, арзишҳои миллию мардумӣ ва аҳамияти Меҳргон ҳамчун ҷашни ҳосилғундорӣ ва фаровонӣ ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёинажод буда, рамзи меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳанги тоҷикон муаррифӣ карда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE