Вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радио бо роҳбари «IRIS MEDIA»…

Вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радио бо роҳбари «IRIS MEDIA»

16 октябр дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумита Носир Саидзода бо роҳбари гурӯҳи расонаҳои хабарии «IRIS Media Press Services»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷамол Ал-Муҷойида баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, истифодаи самараноки имкониятҳои расонаҳои муосир ва фазои маҷозӣ, инчунин густариши ҳамкории иттилоотӣ ва фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE