Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон…

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он саҳми арзандаи ин донишманди маъруф дар рушди илму адаб ва таҳқиқи мероси фарҳангии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик буда, бо таҳқиқоти арзишманди худ дар соҳаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва омӯзиши мероси фарҳангии миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Фаъолияти илмии ӯ асосан ба таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик, омӯзиши арзишҳои миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ равона гардидааст.

Дар идомаи маҳфил ҷойгоҳи Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рушди афкори адабию фарҳангӣ, инчунин аҳаммияти осори илмии ӯ дар омӯзиши робита ва пайванди фарҳангҳо баррасӣ гардид.

Таъкид шуд, ки омӯзиш ва муаррифии мероси илмӣ ва адабии академик Муҳаммадҷон Шакурӣ барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди забони тоҷикӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Маҳфили илмиву адабӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, муаррифии мероси илмии ӯ ва ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши осори ин донишманди маъруф баргузор гардид.

Фирӯзи Ҳабиб

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE