ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ МУҲИМ МЕДОНАД…

ТОҶИКИСТОН ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ МУҲИМ МЕДОНАД
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок ва дар нишасти умумии он таҳти унвони «Амнияти дастҷамъӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ» суханронӣ намуд.
Зимни баромад ӯ ба зарурати таҳкими ҳамкории давлатҳо, густариши муколамаи созанда ва такмили механизмҳои таъмини амнияти байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Ба таъкиди вазири корҳои хориҷӣ, дар шароити мураккаби геосиёсии ҷаҳон танҳо тавассути ҳамоҳангсозии талошҳо ва роҳандозии равишҳои муштарак метавон ба хавфу таҳдидҳои муосир муқовимати муассир нишон дод.
Дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва нақши созмонҳои минтақавӣ дар таъмини суботу устувории ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE