ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МУСО БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН ШЕРАЛӢ МУСО БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар толори фарҳангии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №152 ба номи Бозор Собири шаҳри Ваҳдат маҳфили эҷодии Шералӣ Мусо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Маҳфили мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат доир шуда, дар он намояндагони аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, шогирдон ва пайвандони адиб иштирок намуданд. Зимни маҳфил иштирокдорон оид ба рӯзгор, роҳи эҷодӣ, саҳми Шералӣ Мусо дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва арзиши осори ӯ ибрози назар карданд.

Муовини раиси шаҳри Ваҳдат Баҳриддин Мирзозода зимни суханронӣ саҳми Шералӣ Мусоро дар рушди адабиёти тоҷик муҳим арзёбӣ намуда, ба адиб ва як гурӯҳ эҷодкорон сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим кард.

Таъкид гардид, ки Шералӣ Мусо дар баробари эҷоди осори бадеӣ ҳамчун публитсисти муваффақ дар инъикоси раванди бунёдкориву созандагӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда дорад. Воқеаву рӯйдодҳои муҳими замон ва заҳмати созандагони кишвар дар навиштаҳои ӯ инъикоси равшан ёфтаанд.

Зикр шуд, ки осори публитсистии адиб бо инъикоси дастовардҳои даврони истиқлол ва арҷгузорӣ ба меҳнати созандагони Ватан аҳамияти хосса дошта, дар тарбияи маънавии насли ҷавон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷомеа нақши муҳим мегузорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE