ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Маркази байналмилалии намоишгоҳии «Dushanbe EXPO» даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор гардид.

Дар доираи озмуни мазкур намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эҷоди ҳунармандон ва дастовардҳои онҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин аз намоишгоҳи мазкур боздид намуда, бо намунаҳои ҳунарҳои дастӣ ва фаъолияти ҳунармандони иштирокчии озмун шинос гардид.

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо ба муаррифии ҳунарҳои миллӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандони соҳибистеъдод мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE