Мавлуд Човушоғлу бо сафари расмӣ ба Душанбе омад
28 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Душанбе ташриф овард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар назар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро дар чаҳорчӯби сафари расмии мазкур ба ҳузур пазиранд.
Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ бо роҳбари ҳайати Туркия мулоқотҳо анҷом медиҳанд.