ИФТИТОҲИ НАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ХОТИРА АЗ ҲОФИЗ” ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Санаи 5 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 700 – солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер таҳти унвони “Хотира аз Ҳофиз” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” иттилоъ медиҳад.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ – Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ¬– Сатториён Матлубахон Амонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –Йорк Шуграф ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар намоиш кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, намояндагони ВАО, меҳмонони дохиливу сайёҳони хориҷии кишвар ва дӯстдорони ҳунар ва санъат ширкат варзиданд.

Дар намоиш зиёда аз 40 адад асарҳои нодири санъати тасвирие, ки ба эҷодиёти шоири бузурги тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бахшида шудааст, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамзамон, дар намоиши мазкур ду адад осори санъати ороишӣ-амалӣ ҳайкалчаҳои биринҷӣ бо номҳои “Китоби болишт” ва “Нон”, ки аз ҷониби муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уккер дар солҳои гуногун офарида шуданд, пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.

Гюнтер Уккер дилдодаи ашъори Ҳофизи Шерозӣ буда, муаллифи силсилаи асарҳост, ки ба фаъолияти ин шоири шаҳири тоҷику форс бахшида шудаанд. Ҳунарманди маъруф онҳоро таҳти унвони умумии «Хотира аз Ҳофиз» гирд оварда, қаблан дар оромгоҳи Ҳофиз, Китобхона ва Бойгонии миллӣ дар Шероз, Осорхонаи Имом Алӣ дар Теҳрон ва ҳамчунин дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон ба намоиш пешкаши тамошобинон намудааст.

Ба андешаи мусаввир шеъри Ҳофиз рӯҳро ба ваҷд меорад ва инсонро бо қувваи калимаҳо илҳом бахшида, фикрҳоро ба ҳаракат медарорад ва дар тасвирҳои эҷодӣ шоирро ҳамроҳӣ мекунанд. Ин ҳама фалсаву маънавиёт дар асарҳои рассом таҷҷассум ёфтаанд.

Намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ, профессор Гюнтер Уэкер таҳти унвони “Хотира аз Ҳофиз” дар Осорхонаи миллӣ то 5.07. 2025 идома меёбад.

Акс:Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE