1 июн – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон

Дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхори ба онҳо, хамчун ба пояи асоси ояндасози миллат, аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Инчунин баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст,ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо калонсолон вобаста аст. Инро бояд ҳар яки мо дар хотир дошта бошем.

Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

1 июн дар Тоҷикистон, чун дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯдакон соли 1950 ҷашн гирифта шудааст. Қарор дар бораи гузаронидани он аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Демократии Занон дар сессияи махсус моҳи ноябри соли 1949 қабул карда шуда буд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон аст, балки он инчунин ба ҷомеа дар бораи зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ёдрас мекунад, то ҳамаи кӯдакон хушбахтона ба воя расанд, омӯзанд, коре кунанд, ки дар оянда волидайн ва шаҳрвандони сазовори кишвари худ шаванд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, насли ояндаи мо!

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE