Душанбе: Форуми байналмилалии ҷавонон оғоз гардид

Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонон  таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» оғоз гардид. Дар  маросими кушодашавии форуми мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳӣ,  кормандони ҷавони вазорату дораҳо ва ҷавонони узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода  зикр намуд, ки   таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  насли ҷавони мамлакат аст, ки онҳо ба  комёбиҳои назаррас мушарраф  мегарданд.

“Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ  рӯшан менамояд”-афзуд Абдулло Раҳмонзода  .

Муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки “имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро  насли ҷавон, яъне ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар ҷомеа  бараъло эҳсос мешавад. Ҳукумати мамлакат  ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳоло иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас мебошад. Дастовардҳои  ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз чашмрасанд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд”.

Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки Форуми  байналмилалии ҷавонон дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай,  Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон,  мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Форуми байналмилалии ҷавонон  таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» ҷавонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова ва Озарбойҷон  иштирок доранд. Дар назар аст, ки имрӯз иштирокчиёни форум аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе , минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат боздид намоянд.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, он то 26 июн идома меёбад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE