Шеърхонии Сироҷиддин Муҳриддин дар Корзори ёдбуди вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ

80 сол пеш – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Ба муносибати он рӯзи фаромӯшнашаванда бо ташаббуси раёсати Беларус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун нишони хотира ва эҳтиром ба ҳама қаҳрамонони маълум ва номаълум — муҳофизони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои   ИДМ дар як муроҷиати видеоии махсус ширкат намуда, порае аз асареро ба забони давлатӣ қироат карданд.

Масалан, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пораеро аз шеъри «Вақти он аст»-и Ҳабиб Юсуфӣ ба забони тоҷикӣ қироат мекунад:

Вақти он аст, эй қалам,  буррантдатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам, решааш бурӣ зи бех,

То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг…

Дар видео зернавис бо тарҷумаи матни шеърҳо ба забони русӣ баробари қироати шеър меравад:

Настало время, мой калам, отныне стать острей меча!

Настало время, песнь моя, рази и бей, гремя как гром!

Чтобы грозой настичь врага, чтобы уничтожить палача,

Чтобы засох его арык, и чтобы рухнул вражий дом…

Шеъри шоири ҷанговари тоҷик, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фармондеҳи батареяи артиллерӣ Ҳабиб Юсуфӣ, ки соли 1944 дар наздикии Варшава фавтидааст, бо мисраи зерин ба поён мерасад: «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!».

«Имрӯз, шоирони халқӣ тавассути садои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба ҳамаи мо даҳшати ҷанг ва қаҳрамонии муҳофизон, хиёнати душман ва устувории гузаштагони мо, ғаму андӯҳи талафот ва ашки шодии Ғалабаро хотиррасон мекунанд! Мо дар ИДМ мероси сулҳомезро ба ёд меорем, эҳтиром мекунем ва онро қадр менамоем», —  тазаккур доданд дар Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Навор дар ин пайванд дастрас аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE