Дар ҷаҳон дар як ҳафта беш аз 2,5 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтанд

Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ва беш аз 64 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст. Дар муқоиса бо ҳафт рӯзи пешин сатҳи беморӣ 6% ва фавт — 12% коҳиш ёфтааст, хабар додааст ТАСС имрӯз, 23 июн бо истинод ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).

Дар як ҳафта дар ҷаҳон 2 520 684 ҳолати сирояти нав ва 64 075 фавт сабт шудааст. То ҳолати 20 июн, аз оғози пандемия дар маҷмӯъ 177.866.160 рӯйдоди сироятёбӣ ва 3.857.974 ҳолати фавти беморон ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи беморӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (21%) ва Аврупо (6%) коҳиш ёфтааст. Дар айни ҳол, афзоиши беморӣ дар Африқо 39% ва Баҳри Миёназамини  Шарқӣ 2% сабт шудааст. Миқдори фавтҳо дар қитъаи Африқо 38% ва дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ 2% афзудааст, аммо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (26%), Аврупо (12%) ва минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором (9%) коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳанӯз боздоштани густариши баъзе гунаҳои  коронавирус, ки ба «шаклҳои  боиси нигаронӣ» шомил карда шудаанд, муяссар нашудааст. Масалан, гунаи ба истилоҳ бритониёӣ дар 170 кишвар мушоҳида мешавад, гунаи бразилиягӣ ба 71 кишвар нуфуз кардааст. Гунаи ҳиндӣ ҷуғрофияи худро то 85 кишвар васеъ кардааст. Зикр карда мешавад, ки гунаи охирин бинобар сатҳи баланди сироятнокиаш метавонад шакли бартаридоштаи SARS-CoV-2 гардад, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE