Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон омад
Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ҷиҳати анҷом додани сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвари Қирғизистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмии дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ба Тоҷикистон мулоқоту музокироти сатҳӣ олӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор хоҳанд шуд.