Нишастҳои матбуотии 29 июл

29 июл оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот соати 08:00 дар толори МД «Тоҷикфилм» баргузор мешавад. Нишасти Кумитаи кор бо занон ва оила соати 09:00 дар Кумитаи мазкур доир мешавад. Мақомоти шаҳри Душанбе соати 10:00 дар толори Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ  баргузор менамояд. Нишасти матбуотии  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00 дар Агентии мазкур доир мешавад. ШСХК «Барқи Тоҷик» нишасти матбуотиро соати 15:00 дар ширкати мазкур баргузор менамояд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE