Шаҳристон: Оғози ҷамъоварии ҳосили картошка ва боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон дар хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” ба ҷамъоварии ҳосили картошка оғоз бахшиданд.

Ноҳияи Шаҳристон дар баробари боғдорию чорводорӣ аз минтақаҳои картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Обу хоку иқлими ноҳия ба кишту парвариши картошка мутобиқ буда, хоҷагидорону аҳолӣ картошкаи хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол менамоянд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 4,5 ҳазор гектар заминҳои ба кооперативи тиҷоратию истеҳсолии “Холдорқипчоқ” вобаста 582 гектараш заминҳои обёришаванда мебошад. 300 хоҷагии деҳқонӣ, беш аз 900 нафар саҳмдорон ба хоҷагидорӣ машғуланд ва картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосию даромадноки кишоварзӣ маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек” бо сарварии Низомиддин Муродов дар 80 садяк замин картошка кишту парвариш намуда, ҳосили дилхоҳ рӯёнидаанд. Навъи картошкаи “Аладин” тамъу лаззати хосаю ҳосилнокии баланд дорад, ки дар ин хоҷагӣ парваришаш васеъ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонон ва масъулину мутахассисони ноҳияи Шаҳристонро ба афзун намудани нишондиҳандаҳо дар картошкапарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишту парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон имкон доранд дар соҳаи кишту парвариши картошка, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ бештар саҳм гузоранд. Картошкапарварӣ ба хоҷагидорону аҳолии ноҳияи Шаҳристон нисбат ба дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ даромади бештар меорад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ноҳияи Шаҳристон тадбирҳо амалӣ гардида, тайи 5 соли охир масоҳати кишти картошка як баробар зиёд ва ба 2100 гектар расонида шудааст. Хоҷагидорону аҳолии ноҳия соли 2017 дар масоҳати 1030 гектар картошка кишту парвариш намуда буданд. Соли 2020 масоҳати кишту парвариш ба 1982 гектар расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли картошка низ қариб як баробар зиёд гардида, аз 23 ҳазору 423 тоннаи 5 соли қаблӣ соли гузашта ба 43 ҳазору 541 тонна расонида шудааст. Дар ноҳия кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ҷамоати шаҳраки Шаҳристон ва Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз истеҳсолкунандагони асосии картошка ба ҳисоб мераванд.

Обу хоку иқлими хос ба картошкапарварӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ- заминҳои Президентӣ, қитъаҳои замини назди корхонаю муассисаҳо, истифодаи тухмиҳои ба иқлими ноҳия мутобиқи серҳосил, риояи агротехника, кордонию таҷриба, донишу маҳорати кишоварзону сокинони ноҳия ба афзун намудани истеҳсоли маводи асосии ғизоӣ-картошка равона гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ аз намоишгоҳи картошка ва маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳо, аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карданд.

Деҳқонони соҳибтаҷрибаю корозмудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар намоишгоҳ картошкапарварони вилоят самараи дастранҷи хешро пешниҳод намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир масоҳати майдони кишту парвариши картошка афзун гардида, ҳам аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка дар соли 2020 ба беш аз 512 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба 10 соли қаблӣ 2,5 маротиба ва нисбат ба 5 соли пеш, яъне соли 2017 қариб 200 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намоишгоҳи ҳосили картошка ва суҳбат бо масъулону картошкапарварони шаҳру ноҳияҳои вилоят таъкид доштанд, ки дар вилояти Суғд ҷиҳати васеъ намудани масоҳати кишту парвариши картошка, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дар натиҷа афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка имконият фаровон аст.

Хоҷагиҳои кишоварзию аҳолии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшан, Шаҳристон ва Исфара дар зиёд кардани истеҳсоли картошка ҳиссаи асосӣ дошта, ин шаҳру ноҳияҳо минтақаҳои картошкапарварӣ маҳсуб меёбанд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои картошкапарвар дар кишти ин навъи маҳсулот таҷрибаи шоиста мавҷуд буда, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, инфиродӣ ва аҳолӣ ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ноил мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати картошкаи истеҳсолкардаи хоҷагидорону аҳолии вилоят таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки картошкаи истеҳсоли кишоварзони мамлакат аз нигоҳи экологӣ тоза, бо таркиби табиию ғизонокӣ афзалият дорад ва хоҷагидорону мутахассисонро ҳидоят намуданд, ки дар минтақаҳои обу иқлимаш хос сифату ҳосилнокии ин маводи ғизоии асосиро боз ҳам баланд бардоранд.

Афзун карда шудани истеҳсоли картошка, ҳамчунин, натиҷаи маҳорату кордонӣ, таҷрибаи ғанӣ, риояи агротехникаи кишту обу ғизодиҳӣ ва истифодаи тухмиҳои навъҳои серҳосилу минтақабоб мебошад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар кишту парвариш навъҳои селексияи олимони тоҷик ҳиссаи асосиро ташкил менамояд. Қисми ин навъҳо дар қитъаҳои навъсанҷии кооперативи тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”-и ноҳияи Деваштич офарида, ноҳиябандӣ шудаанд.

Дар баробари афзун намудани истеҳсоли картошкаи ғизоӣ 4 хоҷагии тухмипарварии вилоят — кооперативҳои тухмипарварии “Овчии Ғончӣ”, “Хӯҷаҳо”, ба номи Қурбонов, хоҷагии деҳқонии “Ғелониён”-и шаҳри Панҷакент ва Ассотсиатсияи картошкапарварони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар истеҳсолу таъмини кишоварзон бо тухмии картошка саҳми арзанда доранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давоми 5 соли охир масоҳати кишту парвариши картошка зиёд гардида, аз 16 ҳазор гектари соли 2017 дар соли 2020 ба 23 ҳазору 140 гектар расонида шудааст. Соли равон дар майдони 25 ҳазору 500 гектар картошка парвариш карда мешавад.

Тайи солҳои охир дар қисми водии шаҳру ноҳияҳои вилоят кишту парвариши картошкаи барвақтӣ ҷорӣ гардида, аз ин ҳисоб низ ҳаҷми истеҳсолро зиёд менамоянд. Дар 6 моҳи соли равон дар вилоят аз ҳисоби кишти барвақтӣ 43 ҳазору 190 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳамзамон истифодаи оқилонаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ-заминҳои президентӣ омили ҳаҷми зиёди ҳосили картошка мебошад. Дар соли 2020 ҳиссаи аҳолӣ дар истеҳсоли ҳаҷми умумии картошка дар вилоят 38 фоизро ташкил додааст.

Дар вилоят, хусусан дар минтақаҳои картошкапарварӣ дар анборҳои хоҷагиҳо ва таҳхонаҳо бо усули хосса картошка захира карда мешавад, ки аз омилҳои тамоми давраи сол бо ин маводи ғизоӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва талаботи аҳолӣ мебошад.

Ба намоишгоҳ навъҳои ғизоии картошка аз ҳисоби захираи ҳосили соли гузашта ва аз ҳисоби дастранҷи деҳқонон аз кишти барвақтии соли ҷорӣ пешниҳод гардид.

Дар намоишгоҳ кишоварзони вилоят анвои дигари маҳсулоти кишоварзӣ чун ғалла, асал, сабзавот, мева, полезӣ, маҳсулоти хоҷагии ҷангал, ҳамчунин маводи ғизоӣ аз маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоду муаррифӣ намуданд.

Кишоварзони вилояти Суғд бо истифодаи оқилонаи замин, ҷорӣ намудани агротехникаи пешрафта, таҷрибаи пешқадам, тухмиҳои серҳосил ва бо масъулияту кордонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намуда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кишоварзону аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар вазъи норасоии маводи ғизоӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон вобаста ба хурӯҷу паҳншавии бемории сироятии Ковид-19, тағйирёбии иқлиму камобӣ ба амал омадааст, чунин кӯшишҳои кишоварзони мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину мутахассисон дастуру супориш доданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир барои истифода аз захираю имконияти дохилӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ талош намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE