Ҳавои номусоид ва омадани сел дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат. Огоҳии Агентии обуҳавошиносӣ
Рӯзҳои 13 ва 16 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои 15 ва 16 август дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо дар ҷануби мамлакат ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония дар назар аст.
Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои истироҳати 14 ва 15 август рӯзона ҳаво то 33-35 дараҷа гарм шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Инчуни дар ноҳияиҳои тобеи марказ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи 14 август дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар оғози ҳафтаи пешомада яъне рӯзи 16 август ҳарорат назар ба ҳафтаи гузашта пастар пешгӯй гардидааст.