Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст

 Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» шуруъ аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли  2025  30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Неругоҳ 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб  ба истифода дода шуда, дорои иқтидори 1500 кВт ( ду агрегат 750 кВт) мебошад. Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боиси он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 миллион метри мукааб ҷамъ шавад. Ин ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо мувофиқ мебошад.

    АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE