Аҳмад Масъуд бо роҳбари «Толибон» гуфтушунид анҷом дод

Роҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд бо яке аз намояндагони «Толибон»* Амирхон Муттақӣ вазъияти пуршиддати кишварро баррасӣ кард. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора яке аз мушовирони Масъуд ба агентии иттилоотии русиягии Sputnik хабар додааст. 

Маълум аст, ки суҳбат як рӯз пеш тавассути телефон сурат гирифтааст. Масъуд он лаҳза дар Панҷшер буд ва Амирхон Муттақӣ — дар Кобул.

Гуфта мешавад, ки роҳбари толибон аз роҳбари ҷавони ҷабҳаи муқовимат хост, ки силоҳ ба замин гузорад ва сари мизи музокирот нишинад. Вай гуфт, ки ҷанг бо «Толибон»* беҳуда аст, зеро онҳоро кишварҳои муқтадир дастгирӣ мекунанд ва худи ҳаракат дорои техникаи пешрафтаи замонавӣ мебошад.

Аҳмад Масъуд иброз дошт, ки неруҳои муқовимат низ хуб муҷаҳҳаз шудаанд ва аз ҳама муҳимтар, онҳо «рӯҳияи қавии ҷангӣ доранд».           

«Мо ҷонибдори онем, ки Афғонистон озод, мустақил ва шукуфон боқӣ монад, ки инро тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст овардан мумкин аст. Аммо агар гап сари қудрат ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари падарам ҳастам ва барои ҳифзи кишвар ва мардум тамоми кори аз дастам меомадаро мекунам»,-гуфт Масъуди хурдӣ.           

Муттақӣ дар навбати худ ҳангоми суҳбат итминон дод, ки ҳеҷ кас ба моликият ва хонаи дар Кобулбудаи роҳбари ҷабҳаи муқовимати  миллии афғонҳо дастдарозӣ намекунад: ҳамаи онҳо комилан ва бе осеб  ба ӯ дода мешаванд.

Дар навбати худ Аҳмад Масъуд равшан баён дошт, ки дар пойтахти Афғонистон моликият надорад.

«Падари ман ҳеҷ сарват надошт. Ман хонае аз бобоям мерос гирифтаам, ки ба тамоми оилаи мо тааллуқ дорад ”, — афзуд  ӯ.

Ёдовар мешавем, ки дар яке аз ноҳияҳои Кобул хонаи бобои Масъуди хурдӣ воқеъ аст, ки то ишғоли шаҳр аз тарафи толибон дафтари сиёсии ӯ маҳсуб мешуд. Падараш, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд солҳои мактабхонияшро дар ин хона гузаронидааст.           

«Мо на барои Панҷшер, балки барои Афғонистони озод, эътиқод ва арзишҳои худ мубориза хоҳем бурд»,- таъкид кард Масъуд.

Мавриди зикр аст, ки толибон барои ишғоли Панҷшер чанд ҳазор сарбозро бо силоҳ, тӯп ва танк фиристодаанд. Амалҳои мазкур бори дуввум дар 30 соли охир рух медиҳанд.

 Бори аввал толибон соли 1996 ба дарвозаи дараи Панҷшер наздик шуда, аз ҷониби неруҳои муқовимат бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуди калонӣ мағлуб шуда буданд.

Имрӯз ин ягона вилоят дар Афғонистон аст, ки толибон ишғол накардаанд. Дар ду моҳи охир 33 музофоти дигар пурра ба дасти толибон гузаштанд.                                    

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE