Дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид
Аз 23 то 28 августи соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо корҳои демаркатсионӣ дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо натиҷаи корҳои саҳроиро, ки дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардида буд, баррасӣ намуда, барои идомаи он ва омодасозии хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ба мувофиқа расиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.