Дар Данғара «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» доир гардид

Айни замон дар вилояти Хатлон 31 хоҷагиҳои зотпарварӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла 12 хоҷагӣ ба парвариши чорвои калони шохдор, 14 хоҷагӣ ба парвариши чорвои майдаи шохдор, 4 хоҷагӣ ба парвариши асп ва 1 хоҷагии дигар ба парвариши моҳии хушзот машғул мебошанд. Дар хоҷагиҳои мазкур 3298 сар ҳайвони калони шохдор, 136451 сар ҳайвони майдаи шохдор ва 407 сар асп парвариш карда мешаванд. Дар ин бора зимни баргузории «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ», ки 3 декабри соли равон дар ҶДДМ «Бозори Каёнуш»-и ноҳияи Данғара баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Дар Фестивал маълумот дода шуд, ки барои хушзоткунии чорво феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 119 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ фаъолият менамоянд. Дар 10 моҳи соли равон 14095 сар ҳайвони калони шохдор ба таври сунъӣ бордор карда шуда, 10780 насли хушзот гирифта шудааст.

Дар Фестивали мазкур аз тарафи ҳоҷагиҳои зотпарварӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) зиёда аз 80 сар чорвои калони шохдор, 500 сар чорвои майдаи шохдор, 10 сар аспи хушзот ба намоиш гузошта шуда, инчунин 2 тонна моҳӣ ва 1000 дона тухми мурғ пешниҳод гардид.

Ҳамзамон аз Кумитаи бехатарии озуқавории ҷумҳуриявӣ, муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва зотпарварӣ, бордоркунии сунъӣ намунаи маҳсулот, дастурамалҳо барои парваришу нигоҳдошти зоти чорво, маҳсулоти ширии корхонаю коргоҳҳои коркарди маҳсулоти шири ноҳияи Данғара низ манзури иштирокдорони Фестивал гардиданд, ки аз тарафи кумитаи тадорукоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон беҳтаринҳо муайян шуданд.

Дар Фестивал муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода, Раиси кумитаи тадорукот, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода сухан гуфта, зикр карданд, ки чорабинии имрӯза тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 «Дар бораи ҷашнгирии рӯзҳои ид ва ҳунарҳои мардумӣ» барпо карда шуд. Фестивали мазкур бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат, рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, нигоҳ доштани сифатҳои ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ, такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани зотҳои нави сермаҳсули он роҳандозӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки «Фестивал-намоиши чорвои зотӣ» дар асоси нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки васеи хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор шуд.

Салимзода Амонулло ба намоиши хоҷагиҳои зотпарварӣ баҳои баланд дода, иброз намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон имкониятҳо барои рушди соҳаи чорводорӣ, зотпарварӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ хеле зиёд аст.

“Ба ин хотир, бояд дар тамоми бахшҳои хоҷагидории мазкур барои зиёд кардани саршумор эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад”-, — таъкид кард ў.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо хулосаи Кумитаи тадорукоти «Фестивал – намоиши чорвои зотӣ» ба фаъолон ва беҳтарин хоҷагиҳои зотпарварӣ, деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар натиҷа чорводорони ноҳияи Ёвон ба Дипломи дараҷаи 1, чорводорони ноҳияи Темурмалик ба Дипломи дараҷаи 2 ва чорводорони шаҳри Кӯлоб бо Дипломи дараҷаи 3 ва туҳфаҳо мукофотонида шуданд. Инчунин ба як қатор хоҷагиҳои зотпарварӣ ва соҳибкорон барои пешниҳоди беҳтарин зоти чорвои калони шохдор, моли майда, зотҳои аспи беҳтарин ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва харгӯшпарварӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE