Ҷараёни кори Маркази матбуоти СААД (СУРАТГУЗОРИШ)

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази матбуоти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъсис ёфтааст. Интизор меравад, ки дар ҷаласаҳои ин созмони бонуфуз, ки бо иштироки бевоситаи сарони кишварҳо, созмонҳо ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ баргузор мешавад, муҳимтарин мавзуъҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасии амиқ қарор гиранд.

Ҷиҳати инъикоси чорабинии муҳими сиёсӣ беш аз  500 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилу хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд. Барои хабарнигорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шароити замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар толорҳои махсуси китобхона 700 компютер, принтер ва дигар дастгоҳҳои муосир ҷиҳати сабту коркард гузошта  шудаанд. Ҷараёни ҷаласаҳо мустақиман тавассути маниторҳои бузург, ки дар толорҳои Китобхонаи миллӣ гузошта шудаанд, ба журналистон  намоиш дода мешавад ва хабарнигорон имкон доранд иттилои заруриро дарёфт ва ба ҷомеаи ҷаҳон паҳн намоянд.

Компютерҳои замонавие, ки ҷиҳати инъикоси ҷараёни ҷаласаҳои чорабинӣ ба намояндагони воситаҳои ахбораи омма дастрас шудаанд, аз интернети баландсуръат бархурдор мебошанд. Ҳамзамон се монитори бузург, ки рафти ҷаласаҳоро ба таври кушод намоиш медиҳнад, кори намояндагони воситаҳои ахбори оммаро осон мекунанд.

Мирсаид САТТОРИЁН,
аз маркази матбуоти СААД

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE