Ташрифи Дабири кулли СҲШ ба Академияи идоракунӣ

Дар ҳошияи таҷлили бошукӯҳи чорабиниҳои ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамовичро ба Академия барои хондани лексияи кушод ба кормандон, донишҷӯён ва магистрантон даъват карданд.
Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамович, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, устодону кормандон ва магистрантону дониҷшӯёни Академия иштирок намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамович аз Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дидан намуд.
Чорабиниро ректори Академия Ғафурзода А.Д. ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соли 2021 барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таърихӣ ва пурмасъулият мебошад. Чун дар ин сол мо дар баробари таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ раёсатро дар ду созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бар уҳда доштем, ки яке Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар 20 соли фаъолияти худ тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад. Ҳамин тавр, иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.
Баъд аз қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамович бо Қарори Шӯрои олимони Академия бо унвони “Доктори фахрии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардонида шуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Э.С. дар суханронии хеш иброз дошт, ки Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгароӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст. Новобаста аз он, ки Созмони мазкур ҷавон аст, дар ин бист соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад.
Сипас, Дабири кулли СҲШ Норов Владимир Имамович ба ҳозирин лексияи кушод гузаронида, дар доираи он вобаста ба фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои Шӯрои навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ибрози андеша намуд.
Дар анҷоми ташрифи расмӣ вохӯрии Норов В.И. бо роҳбарияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон доир гардида, ҷонибҳо марбут ба дурнамои фаъолияти Марказ, ташаббусҳои он ва ҳамкориҳои Марказ бо Котиботи СҲШ муҳокимаронӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE