Анҷоми сафари расмии Сайид Иброҳими Раисӣ дар Тоҷикистон
18 сентябр дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисиро гусел намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 16 то 18 сентябр бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон аввалин боздиди расмии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ аз кишварҳои хориҷӣ дар ин маснади олӣ мебошад.
Дар доираи сафари расмӣ аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишварест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, бо ҷумҳурии мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.