Душанбе: Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид
Субҳи имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 Намоиш-озмуни байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори намоиш-озмун ва форум мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарон ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, собиқадорони соҳа ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода аз талошҳои софдилонаи меъморони кишвар сухан намуда, иброз дошт, ки бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ, маданиву маишӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ба истифода дода шуданд, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии ватан мебошад.
Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар рӯзи аввали баргузории он дар толори Театри давлатии опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.
Пагоҳ, дар рӯзи дуюми форум тибқи муқаррароти баргузории намоиш-озмуни XXIX байналхалқӣ: «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ- «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ба беҳтарин асарҳои меъмории пешниҳодгардида ҷоизаҳо эъто мешаванд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
Мамлакати САИД,
Акс аз АМИТ "Ховар"